734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Тиҷорат ва молия

Объекти суғурта

Манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда, ки бо иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби яке аз тарафҳо тибқи шартнома алоқаманд буда, сабаби расонидани зарар ба тарафи дигар, яъне ба шахси шартномаи суғуртабаста гардидааст, объекти суғурта мебошад.

Хатари  суғурта, ҳолати суғурта ва ҳаҷми ӯҳдадориҳои Суғуртакунанда

Хатари  суғурта ин ҳодисаи эҳтимолиест, ки ҳангоми фарорасии он суғурта татбиқ мегардад.

Ҳодисае, ки ҳамчун хатари  суғурта баррасӣ мешавад, бояд дорои нишонаҳои эҳтимолӣ ва тасодуфии фарорасии он бошад.

Хатари  шахсони суғурташуда, ки дар натиҷаи муфлисшавии қарздорони онҳо ва ё имконнопазирии (ба ғайр) аз қобилияти) пардохти қарз аз ҷониби қарздоронашон тибқи мӯҳлати мувофиқакардаи тарафҳо пайдо шудааст, аз инҳо иборат аст:

- хатари талафоти шахсони суғурташуда, ки бо таваққуфи фаъолияти онҳо  ва ё камшавии андозаи фаъолнокии онҳо алоқаманд аст;

- хатари талафоти шахсони суғурташуда, ки бо пайдошавии хароҷоти ғайричашмдошт алоқаманд аст.

хатари  депозитӣ – ин имконияти напардохтани амонати бонкӣ (депозит) мебошад.

хатари  сармоявӣ – ин хатари беқурбшавии сармоя дар натиҷаи таъсири мақомоти роҳбарикунанда ва ҳокимияти давлатӣ аст.

Хатарҳои бонкӣ:

- зарар аз амалиёти барқасдона, ки аз ҷониби кормандони бонк ҳам ба таври якка ва ҳам ба таври забоняккунӣ бо дигар шахсон бо мақсади расонидани зиён ба бонк ва ё гирифтани фоидаи ғайриқонунии молиявӣ содир шудааст;               

- зарар аз талафот (нобудшавӣ, нопадидгардӣ) ва вайроншавии амволи гаронарзиш дар ҳуҷраи бонк, ки ин амвол ба бонк ва ё муштарии он тааллуқ дорад;

- зарар аз гум шудани амволи гаронарзиш ҳангоми интиқоли он;

- зарар аз сохтакорӣ ва ё барқасдона дигаркун кардани ҳуҷҷатҳо;

- зиёне, ки бар асари амалиёт (кор) бо қоғазҳои қимматнок ба бонк расидааст;

- зиёне, ки ҳангоми қабули пул ва ё тангаҳои қалбакии ҳамаи кишварҳои дунё ба сифати воситаи пардохт ба бонк расидааст, ба шарте, ки детекторҳои стандартии муайянкунии аслияти пул, ки бонк истифода мебарад, натавонистаанд маснӯияти ин пулҳо (тангаҳо) – ро ошкор кунанд ва онҳо дар муомилот қарор доштанд;

- зараре, ки дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони сеюм расидааст.

. Ҳодисаи суғурта ҳолатест, ки онро шартномаи суғурта пешбинӣ намудааст ва дар фурсати фарорасии он ӯҳдадории Суғуртакунанда оид ба пардохти маблағи суғурта ба миён меояд.

Тибқи намуди даромади суғуртакунии мазкур ҳолати суғуртавӣ ин талафоти Суғурташаванда (талафоти пурра ё нопурраи фоида, хароҷоти иловагӣ) маҳсуб меёбад, ки сабаби он аз ҷониби контрагенти Суғурташаванда тибқи тартиб ва мӯҳлат иҷро накардани (ё иҷрои номатлуб) ӯҳдадориҳояш мебошад ва ин тартибу мӯҳлатро созишнома (шартнома) – и байни онҳо (напардохтани мол, кор, ва хизматрасонӣ; таҳвил накардани мол ва ё маҳсулот; иҷро накардани кор ва ғайра) муайян намудааст.

Масъулияти Суғуртакунанда аз рӯи ӯҳдадориҳои ӯ мутобиқи шартномаи суғурта вақте фаро мерасад, ки агар ҳодисаи суғурта дар чунин мавридҳо воқеъ гардад:

Ҳангоми муфлисшавии қарздор – шахси ҳуқуқӣ, ки бо қарори суди иқтисодӣ тасдиқ шудааст ва ё қарздор муфлисшавиашро ҳангоми ихтиёран барҳамхӯрӣ расман эълон кардааст.

Ҳангоми аз ҷониби қарздор иҷро накардани (ё иҷрои номатлуб) ӯҳдадориҳо дар назди Суғурташаванда тибқи мӯҳлат ва меъёри дар созишнома (шартнома) муқарраршуда бо сабабҳои аз қарздор вобастанабуда ва дар лаҳзаи аз тарафи қарздор мавҷуд набудани кирдори барқасдона, ки ба иҷро намудани ӯҳдадориҳо равон гардидааст,  инчунин кирдори хунукназаронаи кормандони ӯ (ҳолати қувваи рафънонапазир, дигар ҳолатҳое, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо ҳимояи суғуртавӣ паҳн намешавад), ки дар замон ва макони аз ҷониби қарздор иҷро шудани ӯҳдадориҳо дар назди Суғурташаванда амалӣ шудаанд.

Ҳангоми бозистиии истеҳсолот (фаъолият) – и  қарздор ба мӯҳлати дароз (зиёда аз як моҳ) бар асари садама, сӯхтор, офатҳои табиӣ, ки ӯро бобати иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи созишнома (шартонма) дар мӯҳлати муқарраршуда ва ба таври зарурӣ аз имкониятҳо  маҳрум намуд.

Ҳангоми фавти қарздор – шахси воқеӣ, ки дар давраи амали шартномаи суғурта бо сабабҳои гуногун фаро расидааст, ба ғайр аз ҳолатҳои дар Қоидаҳо зикршудаанд.

.  а) барои молҳо:

- риоя накардани мӯҳлати таҳвили мол;

- умуман ва ё пурра таҳвил накардани мол;

- ғайримутобиқатии сифати аслии мол ба  сертификати сифати мол, стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати мол, ки дар шартнома қайду шарт шудааст;

- дасткашӣ аз пардохт барои мол тибқи шартномаи басташуда;

- риоя накардани мӯҳлати пардохт барои мол тибқи шартномаи басташуда.

б) барои харидани қоғазҳои қиматнок;

- пардохти бемавриди (таъхири зиёда аз ду моҳ) дивиденд (фоизҳо аз арзиши номиналӣ) аз қоғазҳои қиматноки харидашуда;

- саркашӣ аз пардохти дивиденд бидуни асосҳои қонунӣ (агар бо протоколи маҷлиси саҳмдорон қарор оид ба напардохтани дивиденд тасдиқ нашуда бошад ва ғайра);

- ғайриқобили пардохт будани эмитенти қоғазҳои қиматнок дар лаҳзаи пардохти дивиденд;

- муфлисшавӣ ва ё ихтиёран қатъ кардани фаъолияти эмитенти қоғазҳои қимматнок бидуни ба Суғурташаванда ҷубронкардани маблағи арзиши номиналии қоғазҳои қиматноки харидашуда.

в) барои амонатҳои депозитӣ:

- пардохти ғайрисаривақтии (таъхири зиёда аз як моҳ) фоизҳои солона аз рӯи амонат;

- саркашӣ аз пардохти фоизҳои солона аз рӯи амонат бидуни асосҳои қонунӣ (дар ҳолатҳое, ки агар амонат бо талаби ҳокимият мавриди ҳабс қарор нагирифта бошад; агар фаъолияти бонк боздошта нашуда бошад ва ғайра);

- боздошти фаъолияти бонкӣ бо амри Бонки миллии Тоҷикистон;

- муфлисшавӣ ва ё ихтиёран қатъ кардани фаъолияти бонк бидуни ба Суғурташаванда  ҷубронкардани маблағи амонати депозитӣ.

г) барои ҳисобҳо тибқи клиринги байнибонкӣ:

- таъмини бемавриди клиринг.

. Ҳодисаи суғуртавӣ дар он вақте ҷой дорад, ки оқибатҳои манфӣ барои Суғурташаванда бо гузаштани мӯҳлати дар шартнома пешбинишуда фаро расида, контрагент ӯҳдадориҳояшро дар назди Суғурташаванда иҷро накардааст.

Чунин мӯҳлат аз рӯзи минбаъдаи фарорасии таъхрихи дар шартномаи суғурта муқарраршуда ҳамчун мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби контрагент дар назди Суғурташаванда ҳисоб карда мешавад.

. Тибқи шартномаи суғурта ҳангоми фарорасии ҳодисаи суғурта Суғуртакунанда  ҷуброн мекунад:

- Даромадеро (ҷуброни пурра ё нопурраи зарар), ки дар натиҷаи ӯҳдадориҳои шартномавияшро бо сабабҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур иҷро накардани (ё иҷрои номатлуб) контрагентҳои Суғурташаванда ӯ нагирифтааст.

-. Хароҷоти иловагиеро, ки ба кам кардани зарар вобаста буда, дар натиҷаи фарорасии ҳодисаи суғурта расидааст.

Хизматрасонии дигар

Анборҳои гумрук

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:
- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои ...

Суғуртаи боркашонӣ

Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40