734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Суғуртаи масъулият

Cуғуртаи ихтиёрии масъулияти шаҳрвандии тиаҳиякунандагон ва фурӯшандагони мол, иҷрокунандагони кор (хизмат) дар вақти  расонидани зарар ба ҳаёт, саломати ва молу мулки дигар шахсон ҳангоми :

- офатҳои табиӣ,

- садама,

- амалҳои зиддиҳуқуқии шахсони сеюм,

- таъхири таҳмили бор,

- хатогиҳои касбӣ

Объекти суғурта

Объекти суғурта ин манфиатҳои молу мулкии Суғурташаванда маҳсуб ёфта, бо ӯҳдадории ӯ бобати ҷуброн кардани зарари дар натиҷаи ноқисиҳои моли таҳиянамуда ва фурӯхтаи онҳо, кори иҷронамуда (хизмати расонидашуда) – и ба шахсони сеюм расонидашуда, ки бо тартиби қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, алоқаманд мебошад.

Ҳодисаҳои зерин ҳодисаи суғурта эътироф мешаванд:

а) ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи истифода намудани мол (маҳсулоти) – и харидаи онҳо, ки дорои ноқисиҳои конструктивӣ, дастурамалӣ ё дигар камбудиҳо мебошанд, расонидани зарар;

б) ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар натиҷаи норасоиҳои кори иҷронамуда ё хизмати расонида расонидани зарар;

в) дар натиҷаи пешниҳод накардани иттилооти пурра ё саҳеҳ оид ба мол (кор, хизмат) расонидани зарар ба молу мулки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

г) дар натиҷаи ноқисиҳои маҳсулоти ғизоӣ, мол, кори иҷронамуда ё хизмати расонида расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон.

 Пардохти суғуртавиро Суғуртакунанда  мутобиқи шартномаи суғурта дар асоси ҳуҷҷатҳои зеррин амалӣ мекунад:

  - аризаи Суғурташаванда барои пардохти суғуртавӣ;

  -санади суғурта;

  - даъвои хаттии шахси сеюми зарардида оид ба ҷуброн кардани зиёни расонидашуда;

  - ҳуҷҷатҳое, ки далели фарорасии ходисаи  суғуртавӣ ва андозаи зарар (зиён)-и расонидашударо  тасдиқ менамоянд;

  - ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси зарардидаро тасдиқ менамояд.

Хизматрасонии дигар

Воситаҳои нақлиёт

Объекти суғурта ин манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда (дар қисми суғуртакунии шахсӣ – шахсони суғурташуда), ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад...

Анборҳои гумрук

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:
- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои ...

Суғуртаи боркашонӣ

Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40