734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Суғуртаи коргарон

Мақсади суғуртакунӣ манфиатҳои молумулкӣ буда, ба (муваққатан ё доимӣ) паст намудани даромад ва/ё хароҷоти иловагӣ вобаста ба гум кардани қобилияти корӣ аз ҷониби Суғурташуда ё фавти Суғурташуда ҳангоми рух додани фалокат алоқаманд мебошад.

Таҳти мафҳуми фалокат дар давоми давраи амали шартномаи суғуртавӣ (санади суғуртавӣ) таъсири ҷисмонии омилҳои мухталифи беруна (механикӣ, ҳароратӣ, кимиёӣ ва ғ.) ба вуҷуди Суғурташуда, ки ғайриихтиёр бо Суғурташуда рȳй дода, ба зиёни бадани ȳ,   вайроншавии функсияҳои физиологии бадан ё фавти ȳ оварда расонидааст, фаҳмида мешавад. Ба фалокатҳо, масалан, ҳуҷуми ҷинояткорон ё ҳайвонот (аз ҷумла ҳашарот, хазандаҳо ва дигар ҳайвонот), афтидани ягон чиз ба болои Суғурташуда, ногаҳон буғӣ кардан, заҳролудшавии ногаҳонӣ аз маҳсулот ё моддаҳо, ҷароҳат бардоштан ҳангоми ҳаракати нақлиёт ё ҳангоми садама, ҳангоми истифодабарии мошинҳо, механизмҳо, олоти истеҳсолот, намуди мухталифи асбобҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ҳамчунин ба номгȳи фалокатҳо таъсири омилҳои беруна дохил мешаванд, аз ҷумла: таркиш, сȳхтагӣ, сармозанӣ, ғарқшавӣ, таъсири қувваи барқ, раъду барқ, офтобхȳрӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна.

Тарифи суғуртавӣ

Маблағи суғуртавӣ

Аз ҷониби Суғуртакунанда муқаррар карда мешавад

Пардохти суғуртавӣ

Аз 1,5% то 3,5%

 

1. Пардохт дар ҳолати муқаррар намудани маъюбӣ

Гурȳҳи 1

100% аз маблағи суғуртавӣ барои ҳар як Суғурташуда

Гурȳҳи 2

75% аз маблағи суғуртавӣ барои ҳар як Суғурташуда

 

Гурȳҳи 3

50% аз маблағи суғуртавӣ барои ҳар як Суғурташуда

2. Ҳангоми фавти суғурташуда

Ба андозаи 100% аз маблағи суғуртавӣ

3. Ҳангоми ҷароҳат бардоштан

Пардохт мутобиқи Ҷадвали пардохтҳо амалӣ гардонида мешавад

 

 

Суғуртаи тиббии кормандон

Аз ҷониби Ташкилоти Суғуртавии «Меҳнат» интихобшудаи муносибат бо мизоҷон ба ширкат имконият медиҳад, ки зиёда аз 6 сол дар рейтинги байни ташкилотҳои Суғуртаи ихтиёрии тиббии Тоҷикистон  мавқеи устуворро нигоҳ дорад.

  • Ҳар як Суғурташуда оид ба мазмун ва махсусиятҳои суғуртавии тиббии худ аз муассисаҳои табобатӣ мактуби суроғавию иттилоотӣ мегирад;
  • Опсия ва кȳмакпулиҳои барнома синни мизоҷ, шароит ва хусусиятҳои меҳнатии ȳро ба эътибор мегиранд;
  • Менеджерҳо оид ба натиҷаҳои вохȳриҳо бо мизоҷон барномаҳои мавҷударо ислоҳ мекунанд ва барномаҳои нав таҳия менамоянд;
  • Аъзои оилаи мизоҷон имконият доранд, ки аз рȳи нархҳои иттиҳодиявӣ (корпоративӣ) санади суғуртавӣ гиранд;
  • Хадамоти шабонарȳзии диспетчерии ТС «Меҳнат» ба мизоҷ ҷиҳати ҳалли мушкилоти тиббӣ кȳмак мерасонад, инчунин оид ба ҳодисаҳои ғайрисуғуртавӣ машваратҳо медиҳад.

Ҳангоми гирифтани хизмарасонии босифати тиббӣ кормандон аз роҳбарияти ширкат  барои пешниҳоди имкониятҳои табобат ва дуруст интихоб намудани маҷмȳи хизматрасонӣ миннатдор мешаванд.

Суғуртакунӣ – хизматрасонии мураккаб аст, бинобар ҳамин ҳам мизоҷ вобаста ба хоҳиш ва имкониятҳои молиявии ширкати худ санади суғуртавии фардии омодашударо мегирад.

  • Ташкилоти суғуртавӣ пардохти хизмарасонии тиббиро ба ҳаҷме, ки аз пардохти суғуртавӣ зиёдтар мебошад, таваккалан ба зимма мегирад;
  • Манфиатҳои суғурташударо на худи Суғурташуда, балки Ширкати суғуртавӣ ба уҳда мегирад;
  • Мо бо зиёда аз 20 муассисаи табобатӣ кор мекунем  - ин кафолати сатҳи баланди кȳмаки тиббӣ ва интихоби муассисаҳои табобатӣ мебошад;
  • Ҳангоми мавҷудияти сатҳи рақобат бартарии асосии як ширкати суғуртавӣ аз дигараш – сатҳи хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад;
  •  Вобаста ба намуди фаъолияти иттиҳодиявии (корпоративии) мизоҷ мо покети Суғуртаи ихтиёрии тиббиро тартиб медиҳем. Таҷрибаи бисёрсола (дар барномаи Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои офисҳо дохил намудани масҳи муолиҷавӣ (массаж) дурустии тактикаи интихобкардаи моро тасдиқ мекунад;
  • Дар якчанд муолиҷахона хизматрасонии «шабакавӣ»-ро ташкил мекунем;
  • Табиби соҳибтаҷриба – куратор дар шуъбаи Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ шабу рȳз кȳмаки тиббиро ташкил намуда, сифат ва ёрии саривақтии тиббиро назорат мекунад;
  • Низоми фасеҳи тахфиф (арзонкунӣ) барои намудҳои дигари суғурта.

Шартномаи Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) барои таъмини ҳимояи Шумо ҳангоми пайдо шудани бемориҳо таҳия шудааст. Аз лаҳзаи эътибор пайдо намудани он ҳамаи ҳолатҳои муроҷиати Шумо барои кȳмаки тиббӣ, ки барномаи суғуртавӣ пешбинӣ мекунад, мояи ғамхории ташкилоти суғуртавӣ мебошад. Мақсади асосии Ташкилоти Суғуртавии «Меҳнат» - пешниҳоди хизматрасонии хушсифати суғуртавӣ ба ҳисоб меравад.

 

Махсусият ва бартарии суғуртаи тиббӣ дар ҶДММ ТС «МЕҲНАТ»:

  • Маҳсулоти хушсифати суғуртавӣ бо нархҳои дастрас;
  • Меъёри баланди масъулияти Суғуртакунанда имконият медиҳад, ки кȳмаки зарурии тиббӣ дар ҳаҷми пурра гирифта шавад;
  • Мавҷуд набудани маҳдудиятҳои синнӣ барои шахсони воқеӣ ҳангоми ба суғурта гирифтан;
  • Мавҷуд набудани франшиз дар табобати статсионарӣ;
  • Мавҷуд набудани маҳдудиятҳо аз рȳи шумораи рȳзҳо барои будубош дар статсионар;
  • Хизматрасонии шабонарȳзии шахсони суғурташуда, табиб-куратор сарфаи вақтро барои ҷустуҷȳи табибон ва номнавис кардани шахси Суғурташударо ба назди мутахассиси зарурӣ дар ҳама вақти барои ȳ мувофиқ пешниҳод мекунад;
  • Табиб-ташхисгари ташкилоти суғуртавӣ манфиатҳои шахсони суғурташударо ҳимоя мекунад ва табобати онҳоро назорат менамояд;
  • Махфияти иттилоотро оид ба шартҳои суғуртакунӣ ва пинҳон намудани сирри табибонро ба таври қатъӣ риоя мекунад;
  • Барои бо тахфиф суғурта намудани аҳли оила ва хешовандони наздик имконият медиҳад;
  • Ҷиҳати пардохти бемуҳлати суғурта бе ягон маҳдудият дар табобат ва расонидани хизмати тиббӣ шароит фароҳам меоварад;
  • Хароҷоти молиявиро барои табобат ва хизматрасонии тиббӣ  муносиб мегардонад.

 

Нарх ва шартҳои судманди пардохт

Мувофиқати нарх - сифат ва низоми фасеҳи пардохт имконият медиҳанд, ки ҳатто қисми аввали пардохтро ворид накарда ҳимояи суғуртавӣ дар ҳаҷми пурра гирифта шавад. Мо пардохти думаротибагӣ (дар давоми ним сол) ё чормаротибагиро (дар давоми ҳар семоҳа) пешниҳод мекунем.

 

Муносибии ба расмият даровардани шартнома

Ҳуҷҷатҳои қаблиро барои бастани шартномаи СИТ Шумо метавонед ба офиси мо бо факс ё почтаи электронӣ фиристонед. Ғайр аз ин, бо мо тамос гирифта, қаблан аз шартҳои суғуртакунии барои Шумо муфид огоҳ шавед.

 

Тахфифҳои иловагӣ

Тахфиф барои оилаҳое, ки аз се нафар иборатанд, дахл доранд.

Мақсади суғуртакунии ихтиёрии тиббӣ вобаста ба хароҷот барои расонидани кȳмаки тиббӣ ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои суғуртавӣ таваккалҳои суғуртавӣ ба ҳисоб меравад.

Аз рȳи шартномаи суғуртавӣ Суғурташуда ҷиҳати гирифтани хизматрасонии тиббӣ, ки дар шартҳои мушаххаси шартномаи суғуртавӣ барои муассисаҳои тиббӣ дар замимаҳои санади суғуртавӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқ дорад.

Ҳолати суғуртавӣ ин муроҷиати Суғурташуда ба муассисаи тиббӣ аз ҷумлаи шартномаи  тиббӣ пешбининамуда ҳангоми бемории вазнин ва дигар фалокатҳо, вазнин шудани бемории куҳна, ҷароҳат бардоштан, заҳролудшавӣ ё дигар фалокатҳо барои гирифтани маслиҳат, пешгирии беморӣ ва дигар кȳмакҳо, ки хизматрасонии тиббиро дар доираи аз ҷониби шартномаи тиббии суғуртавӣ пешбининамудаи номгȳи онҳо талаб мекунанд, мебошад. Ҳолати суғуртавӣ ин муроҷиат намудани Суғурташуда ба муассисаи тиббӣ дар давоми муҳлати амали шартномаи суғуртавӣ эътироф мегардад.  

Хизматрасонии дигар

Сохтмон

Объекти суғуртакунӣ манфиатҳои молу мулкии хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани Суғурташаванда вобаста аз ҷониби вай иҷро намудани корҳои бинокорию ...

Суғуртаи боркашонӣ

Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40