734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Анборҳои гумрук

Суғурташавандагон

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо Суғуртакунанда шартномаи суғурта бастаанд, Суғурташаванда эътироф гардида, инҳо маҳсуб меёбанд:

- брокерҳои гумрук, ки барои иҷрои фаъолият ба ҳайси брокери гумрук бо тартиби муқарраршуда иҷозатнома гирифтаанд, ки мӯҳлати амали он то хотима ёфтани амали шартномаи суғурта ба итмом намерасад;

- иҷозатномадорон, ки бобати иҷрои фаъолият ба ҳайси брокери гумрук ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод кардаанд ва дар ин маврид шартномаи суғурта аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома бо шарти пардохтани ҳаққи суғуртавӣ (ё ҳаққи аввалияи он) мавриди амал қарор мегирад.

Объекти суғурта

Объекти суғурта он манфиатҳои молу мулкии Суғурташаванда ба ҳисоб меравад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, бо ҷуброн кардани зарари расонидаи онҳо ба манфиатҳои молу мулкии фоидагирандагон ҳангоми ба сифати брокери гумрук фаъолият намудани онҳо алоқаманд аст.

Ӯҳдадории Суғуртакунанда оид ба пардохтани ҷубронпулии суғурта фаро мерасад, агар:

а) расонидани зарар ба манфиатҳои молу мулкии Фоидагиранда бо фаъолияти Суғурташаванда ба ҳайси брокери гумрук дар робитаи мустақими сабабӣ қарор дошта бошад;

б) Суғурташаванда ба манфиатҳои молу мулкии Фоидагиранда дар доираи ҳудуд ва дар давраи вақте, ки дар шартномаи суғурта зикр шудааст, зарар расонида бошад;

в) ҳолати расонидани зарар (зиён) ҳангоми барасмиятдарории гумрукии он навъи молҳо, ки дар иҷозатнома бобати амаликунии фаъолияти Суғурташаванда ба ҳайси брокери гумрук мутобиқи Феҳристи молии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ (ТНВЭД) зикр шудааст, ҷой дошта бошад.

Таваккали суғуртавӣ. Ҳодисаи суғуртавӣ

 Таваккали суғуртавӣ ин сабаб (ҳодиса) – и имконпазири расидани зарар ба манфиатҳои молу мулкии Фоидагиранда дар намуди ӯҳдадориҳои шартномавияшро риоя накардан (иҷро накардан) – и брокери гумрук маҳсуб меёбад, ки дар сурати фарорасии он суғуртакунии мазкур гузаронида мешавад.

Ҳодисаи суғуртавие, ки ҳангоми он Суғуртакунанда барои пардохтани маблағи суғуртавӣ ба Фоидагиранда тибқи Қоидаҳои мазкур ӯҳдадорӣ пайдо мекунад, далели фарорасии масъулияти Суғурташаванда барои расонидани зарар ба шахсони муаррифишаванда (фоидагирандагон) дар алоқа бо риоя накардан (иҷро накардан) – и ӯҳдадориҳои шартномавии худ ба ҳисоб меравад.

Расидани зарар (зиён) бояд бо шикояти молу мулкӣ оид ба ҷуброн  кардани зиёни расонидашуда, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори суд аз ҷониби шахси зарардида расман пешниҳод карда мешавад, тасдиқ гардад.

Дар зери мафҳуми зиён чунин хароҷоте, фаҳмида мешавад, ки шахси бар асари амалиёти брокери гумрук ҳуқуқаш риоянашуда барои барқарор намудани ҳуқуқи риоянашудаи худ, аз ҷумла нобуд шудан ё зарар дидани молу мулк (танҳо ба қисмати ҳуҷҷатҳое, ки бобати барасмиятдарории гумрукӣ шахсони сеюм ба брокери гумрук пешниҳод намудаанд) харҷ намудааст ва ё бояд харҷ намояд.

Хизматрасонии дигар

Суғуртаи масъулият

Объекти суғурта ин манфиатҳои молу мулкии Суғурташаванда маҳсуб ёфта, бо ӯҳдадории ӯ бобати ҷуброн кардани зарари дар натиҷаи ноқисиҳои моли таҳиянамуда ва фурӯхтаи ...

Суғуртаи боркашонӣ

Манфиатҳои молу молкии Суғурташаванда (Фоидагиранда), ки бо соҳибият, истифодабарӣ ва / ё ихтиёрдории бор алоқаманд аст, инчунин бо таваккали гум шудан (нобуд шудан)-и ...

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40