734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24

Молу мулк

Объекти суғурта

Манфиатҳои молу мулкии шахсон, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, оид ба суғуртакунии он вобаста ба ихтиёрдорӣ, истифодабарӣ ва идоракунии молу мулк шартномаи суғурта баста шудааст, объекти суғурта маҳсуб меёбад.

Ба суғурта молу мулки ғайриманқул - биноҳо (истеҳсолӣ, маъмурӣ, истифодаи  ҷмъиятӣ)  қабул  карда мешавад.

 Ҳодисаи суғуртавӣ

Суғуртакунанда таваккали фавт ва ё зарар дидани молу мулк дар натиҷаи сӯхтор, таъсири барқ, таркиши гази барои зарурати маишӣ истифодашаванда, ҳатто агар аз таъсири барқ ё таркиши газ сӯхтор ба амал наомада бошад, шартнома мебандад.

Дар зери мафҳуми «сӯхтор» бавуҷудоии оташ, ки қодир аст худ аз худ берун аз ҷойҳои махсус барои даргирӣ ва давом ёфтани он пешбинишуда паҳн шудан мусоидат менамояд, фаҳмида мешавад.

Тибқи созиши тарафҳо мумкин аст ба шартномаи суғурта дар мувофиқат бо шартҳои иловагӣ аз ҳолатҳои зерин таваккали суғуртавӣ нобуд шудан ё зарар дидани молу мулк ворид карда шавад:

- вайроншавии ногаҳонии системаи обёрӣ, ташноб, гармидиҳӣ ва зиддисӯхтор;

- дуздӣ ва шикастани қулф ва ғорат;

- дуздӣ ва ғорати пулҳои нақд;

- амалиёти зиддиҳуқуқии шахсони сеюм;

- офатҳои табиӣ;

- шикастани шиша;

- зарар аз таркиши дегҳои буғӣ, қубурҳои газ, амборҳои захираи газ, таҷҳизот, мошинаҳо ва дастгоҳҳое, ки бо газ ё ҳавои фишурдашуда кор мекунанд;

- садамаи таҷҳизот;

- садамаи таҷҳизоти электронӣ;

- вайроншавии мол дар таҷҳизоти хунукнигоҳдоранда;

- зарба, бархӯрд, мавҷҳои овозӣ.

 Ҳаққи суғуртавӣ

Андозаи ҳаққи суғуртавӣ вобаста аз маблағи суғуртавӣ ва мувофиқан бо тарифҳои суғурта муқаррар карда мешавад. Тарифи суғурта дар худ ҳаққи суғуртавиро бо воҳиди маблағи суғуртавӣ ё объекти суғурта инъикос шудааст.

Хизматрасонии дигар

Суғуртаи сайёҳҳо

Манфиатҳои молу мулкии Суғурташуда, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, бо хароҷоти пешбининашуда ва зарар дар намуди расидани зиён ба ҳаёт, саломатӣ ...

Суғуртаӣ нақлиёт

Объекти суғурта ин манфиатҳои молумулкии Суғурташаванда (дар қисми суғуртакунии шахсӣ – шахсони суғурташуда), ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошад...

Сугуртаи саломатӣ

Объекти суғуртаи ихтиёрии тиббӣ таваккали суғуртавие маҳсуб меёбад, ки бо хароҷоти расонидани кӯмаки тиббӣ ҳангоми бавуҷудоии ҳодисаи суғуртавӣ алоқаманд мебошад.

734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ш. Душанбе, кӯч.Деҳи Боло 180
Тамос бо мо:
info@trud.tj
Телефон:
+992(48)701-24-24
+992(48)701-40-40